Дар замони Ҳокимияти Совети Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба қуллаи баланди илм, маориф ва фарҳанг рафта расид. Дар
мамлакат бесаводӣ барҳам дода шуд.
Ҳоло бошад, дар мамлакат қариб 2 млн. хонанда дар мактабҳои
таҳсилоти умумӣ, техникумҳо ва коллеҷҳои техникию омӯзишгоҳҳо
ва мактабҳои Олӣ бо дониш фаро гирифта шудаанд.
Теъдоди муассисаҳои таълимӣ, хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон
ва мураббиён зиёд шуд. Агар дар соли ташкили Ҷумҳурии Автономии
Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) дар Тоҷикистон ҳамаги
7 мактаб, 152 нафар талаба ва 26 нафар муаллим мавҷуд бошанд,
дар соли гирифтани истиқлолият (1991) миқдори мактабҳои
маълумоташон умумӣ ба 3179 адад расид. Дар онҳо 1 млну 310,2
ҳазор одам таҳсил мекард. Теъдоди мактабҳои миёна ва касбӣ
низ афзуд. Дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 43 адад мактаби миёна
ва 13 адад мактабҳои олии техникӣ шумурда шуд, ки дар онҳо
110 ҳазор нафар донишҷӯён ва ҳунаромӯзон таҳсил намудаанд.
Дар ҳамон сол 10 ҳазор нафар донишҷӯ мактабҳои олӣ ва 13,7
ҳазор нафар мактабҳои касбиро хатм кардаанд.
Фаъолияти муассисаҳои томактаби низ бештар гардид. Дар соли
1944 дар муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ 141,5 ҳазор бачагони
сини аз 1 то 6 сола таҳти тарбияи ҷамъияти қарор дода шуданд,
ки ин 13,7% миқдори умумии кӯдакони ин синну солро дар бар
мегирад.
Дар тӯли ин солҳо шаклу мазмуни таъмин тағйир ёфт. Дар
мактабҳои умумӣ бештар ба тарбияи касбӣ-меҳнатии хонандагон
таваҷҷӯҳ дода мешуд. Қариб ҳамаи мактабҳо утоқҳои меҳнат
(барои коркарди чӯб ва хонадори) доштанд, ки бо таҷҳизоти
махсус муҷаҳҳаз гардонда шуда буданд. Комбинатҳои таълимию
истеҳсоли бошад, талаботи идораҳоро ба назар гирифта, хонандагони
синфҳои болоиро ба омӯзиши касбҳо ҷалб мекарданд ва мутобиқи
фармоиши муассисаҳои базавӣ (аз ҳисоби моли хоми онҳо) маҳсулот
бароварда ба худи онҳо медоданд.
Дар мактабҳои деҳот техникаи хоҷагии қишлоқро меомӯхтанд,
бригадаҳои талабагӣ оид ба пахтапарварӣ, боғдорӣ, ангурпарварӣ
ва харгӯшпарварӣ ташкил карда мешуданд.
Сохтмони мактабу муассисаҳои томактабӣ ба зиёд гардидани
аҳолии бачагона вобаста буду базаи мактабҳои таълимӣ аз
ин ҳисоб мустаҳкам мегардад. Теъдоди мактаб ва гурӯҳҳои
рӯзашон давомдор меофзуд. Масъулияти кормандони риёсати
маориф аз сатҳи поении ба боло зиёд мешуд. Мувофиқи натиҷаи
ислоҳоти соҳаҳои маориф таҳия ва бозпурсии кадрҳои педагогӣ
ва такмили ихтисоси онҳо хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар
тӯли ин солҳо миқдори муассисаҳои олии педагогӣ ва теъдоди
донишомӯзонӣ ин соҳа якчанд маротиба афзоиш ёфта буд.
Дар Курғонтеппа ва Хорӯғ Донишгоҳҳои Омӯзгорӣ ба фаъолият
оғоз карда буданд. Таҳияи муттахассисии оид ба якчанд ихтисосҳои
нав дар мактабҳои Олӣ ба роҳ монда шуда буд.
Садҳо нафар тоҷикписарон ва духтарон дар донишкадаҳои Россия,
Украина, Узбекистон, Қирғизистон таҳсили илм мекарданд.
Ҳазорҳо нафар мутахассисони ҷумҳариҳои ҳамсоя барои коркунӣ
ба Тоҷикистон меомаданд ва масъалаи таъмини мактабҳо бо
мутахассисии қариб ки пурра ҳалли худро пайдо карда буд.
Мутаасифона, фақат дар як соли авали ҷанги тахмили (шаҳрвандӣ)
(1992) ҷумҳуриро беш аз 100 ҳазор мутахассис тарк намуданд.
Дар байни онҳо беҳтарин муаллимиони мактабҳои миёна, олӣ
ва касбӣ-техникӣ буданд. Дар баъзе аз мактабҳо акнун ҳатто
муаллимони босавод намерасиданд.
Cессияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон даъвати XII-ум
барои баланд бардоштани мақомоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ
дар ҳаёти мамлакат роли муҳимро иҷро намуд. Конститутсияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳамовозии ягона дар таърихи 6
ноябри с 1994 қабул карда шуд, ҳуқуқи шаҳрвандонро ба хондану
омӯзиш муайян кард
Моддаи 41. Ҳар кас ҳуқуқи дониш омӯхтанро дорад. Маълумоти
умумии асоси маҷбури аст. Давлат кафолати бепул маълумоти
асосии миёнаро дар муассисаҳои давлатии донишомӯзӣ медиҳад.
Ҳар кас дар чорчӯбаи муайяннамудаи қонун метавонад соҳиби
маълумоти умумии миёна, ибтидоӣ, касбӣ, миёнаи касбӣ ва
олии касбӣ гардад.
Яке аз нахустин қонунҳое, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул кард, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"
буд. Дар он ҳамаи ҷабҳаҳои маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шароити давлати озод, демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ
ва ягона буд.
Дар соли 1992 дар шаҳри Турсунзода бори аввал мактаби типи
нав - литсей-интернати тоҷикӣ-туркӣ боз гардид. Дар солҳои
1995/96-соли таълими литсей-интернати Президентӣ барои фарзандони
лаёкатманд Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд, ки таҳти
сарпарасти президенти мамлакат қарор дорад.
Дар холи ҳозир дар ҷумҳурӣ - 3731 адад мактаби умумӣ, ки
дар онҳо 1,655 ҳазор нафар хонанда таҳсил менамоянд, вуҷуд
доранд.
Миқдори мактабҳои типи нав, гимназияҳо, литсейҳо ба 117
адад расидааст ва дар онҳо беш аз 50 ҳазор нафар хонанда
таҳсил менамоянд.
Дар раванди солҳои охир миқдори гимназияҳо ва лисейҳои ғайридавлатӣ
ба 43 адад (10 мактаб) 29 гимназия, 14 литсей) расид. Дар
онҳо 18918 хонанда таҳсил мекунанд.
Бо ҳамкории Бонки Умумиҷаҳонӣ, бонки осиёгии Рушд ва бонки
исломии Рушд, Фонди ОПЕК ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ китобҳои
дарсӣ, маводҳои таълими нашр гардида, сохтмони 43 мактаби
нотамоммонда ба анҷом расид. Дар биноҳои мактабҳои шаҳри
Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъмири
пурра ба ҷо оварда шуд. Муасссисаҳои таълимӣ бо таҷҳизот
ва маводҳои таълимӣ таъмин карда мешаванд.
Бо мақсади таъмин намудани мактабҳои умуми таълимӣ бо муаллимон,
қабули довталабон бо соҳаҳои омӯзгорӣ дар шӯъбаҳои рӯзона
ва ғоибона якчанд маротиба афзоиш дода шуд. Дар баъзе аз
ноҳияҳо филиалҳои омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ боз карда шуданд.
Ҳоло фақат дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ беш аз 100 ҳазор
муаллим, дар мактабҳои олӣ 6056 мурабби, ки аз онҳо 1552
нафарашон дараҷаи илмии номзади илм, 314 нафарашон доктори
илм, 1624 нафарашон - унвони дотсент ва профессорро доранд
кор карда истодаанд.
Барои комёбиҳои баланд дар таълиму тарбияи насли наврас
директории мактаби миёни № 3 шаҳри Конибодом Ҳабибахон Каримова
ва муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби № 53 шаҳри Душанбе
Муҳаббат Маҳмудова ба гирифтани унвони олии "Қаҳрамони меҳнати
сотсиалистӣ" мушарраф гардида, ба бештар аз 1000 муаллим
унвонҳои фахрӣ дода шуда, беш аз 1,5 ҳазор кормандони маориф
бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо сарфарозгардонда шудаанд.
Гузаронидани озмунҳои фаннии хонандагони мактабҳои таҳсилоти
умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ озмунҳои "Муаллими сол",
"Мактаби сол", "Мураббии сол" ва ҳукми анъана даромадаанд,
ки барои тараққии соҳаи маориф таъсири мусбии худро расонида
меистад.