Хонандагону омӯзгорони
мактаби рақами 32-и ноҳияи Ҷомӣ ин рӯзро дер боз, балки
солҳо, интизор буданд. Онҳо аз ноилоҷӣ як қисми масҷиди
деҳаро ба таълимгоҳ табдил дода буданд. Ҳукумати вақт ният
дошт, ки дар андак фурсат мактаби нав месозад. Мутаассифона,
ҷанги шаҳрвандӣ рух доду ин ваъдаи ҳукуматдорон ва орзуи
муаллимону хонандагон ба бод рафт. Баъди ҷанг бошад иқтисод
хароб гардиду сохтмони мактаб ба хотири касе намерасид.
- Ростӣ, дониши хонанда аз мактабу муаллими замонавӣ низ
вобастагӣ дорад, - он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯяд директори
мактаб Тӯйчӣ Бобоев. – Ҳарҷанд беш аз 70 нафар шогирдони
мактаби мо дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва берун аз
он таҳсил доранд, вале як гӯшаи дилам хиҷил буд. Фикр мекардам,
ки агар мактаби хуб дошта бошем, бо ҳамин коллективи омӯзгорон
боз ҳам шогирдони беҳтарро тарбия карда метавонем. Мана
имрӯз туфайли ғамхории бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ
Раҳмон мактаби нав ба истифода дода шуд. Умед дорам, ки
муваффақиятҳоямон афзун хоҳад гашт.
Инак, дар як гӯшаи деҳа мактаби наву замонавӣ ба тамоми
таҷҳизот, синфхонаи компютерӣ ба истифода дода шуд. Дар
лаҳзаи ифтитоҳи он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.
Раҳмонов, муовини раиси вилояти Хатлон Х. Ҳакимова, раиси
ноҳияи Ҷомӣ У. Зоир ширкат варзиданд ва сухан карданд.
Баъди анҷоми ҷамъомади тантанавӣ мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи
Ҷомӣ Хосият Неъматова чунин гуфт:
- Танҳо дар соли гузашта дар ҳудуди ноҳия чор мактаби нав
сохта ба истифода дода шуд, ки аз ин дутоаш бо маблағгузории
Вазорати маориф мебошад. Дутои дигар бо ташаббуси раиси
ноҳия У. Зоир ба итмом расид. Ин ғамхориҳо мо, кормандони
соҳа маорифи ноҳияро водор месозад, ки сатҳу сифати таълимро
беҳтар намуда, насли сазовори замонро тарбия намоем.
Муҳаммад ШАРИФ,
«Омӯзгор»