ҲАМКОРИҲОИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН
БО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ
12 марти соли 2010
Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби
Йошихиро НАКАЯМА, раиси ноҳияи Рашт Маҳмадҷон Давлатов,
муовини аввали Раиси ноҳияи Роштқалъа Фазлиддини Иброҳим,
муовини Раиси ноҳияи Панҷ Хайриниссо Кенҷаева дар ҳузури
Вазири Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор РАҲМОНОВ созишномаи
грантӣ ба маблағи умумии 282, 172 доллари ИМА ба имзо расониданд.
Ин лоиҳаҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои
амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Барои амалӣ гардидани «Лоиҳа оид ба муҷҷаҳаз гардондани
макотиби ноҳияи Рашт бо таҷҳизоти мактабӣ» Ҳукумати Ҷопон
95,809 доллари ИМА ҷудо менамояд.
Ноҳияи Рашт, ки аҳолиаш ба 100,000 нафар мерасад ва соҳаи
маорифи ноҳия аз норасоии таҷҳизоти мактабӣ танқисӣ мекашад.
Тавассути лоиҳаи мазкур, таҷҳизоти мактабӣ ба миқдори 1,163
мизу курсӣ ва 102 тахтаи синфӣ ба 62 мактаб, ки дар маҷмӯъ
13,435 хонанда доранд тақсим карда мешавад. Таҷҳизоти омӯзишии
лозима шароити мактабҳоро беҳтар намуда, толибилмон барои
ба мактаб рафтан ҳавасманд мегарданд. Дар маҷмӯъ сатҳи маориф
дар ноҳия беҳтар гашта, кафолати рушди сармояи инсонӣ дар
минтақа мегардад.
«Лоиҳа роҷеъ ба барқарорсозии мактаби миёнаи № 27 дар ноҳияи
Роштқалъа» Ҳукумати Ҷопон барои он 90,939 доллари ИМА ҷудо
намудааст, амалӣ карда мешавад.
Мактаби миёнаи №27 соли 1954 (қисман соли 1970) сохта шуда,
дар ҷамоати «Роштқалъа» воқеъ гардидааст, ки аҳолиаш 2300
нафарро ташкил менамояд. Дар мактаб 300 талаба таҳсил намуда,
49 омӯзгор фаъолият доранд. Мактаб аз ду бино иборат буда,
таъмири асосӣ нашудааст ва яке аз биноҳо дар ҳолати садамавӣ
қарор дорад. Хонандагон дар дигар таҳсил менамоянд, ки ҷои
нишаст намерасад.
Дардираи лоиҳа таъмири бом ва барқарорсозии деворҳо ва инчунин
фарш амалӣ карда мешавад. Баъди ба итмом расидани лоиҳаи
мазкур хонандагон метавонанд дар муҳити амн ва ба шароити
хуб ба таҳсил фаро гирифта шаванд, ки ин боиси баланд бардоштани
сатҳи дониши онҳо мегардад
Ҳукумати Ҷопон барои «Лоиҳаи азнавсозии мактаб дар ноҳияи
Панҷ, ки аз сабаби обхезӣ вайрон шудааст» 95,425 доллари
ИМА ҷудо намудааст.
Мактаби миёнаи №24 соли 1980 сохта шуда, дар деҳаи «Тоҷиксой»-и
Ҷамоати «Намуна»-и ноҳияи Панҷ ягона мактаб ба ҳисоб меравад.
Дар ин мактаб 350 хонанда таҳсил намуда, 21 омӯзгор фаъолият
менамояд. Дар натиҷаи обхезии 14 майи соли 2009 мактаб ва
деҳа хароб гашт. Бархе аз хонандагон дар мактаби деҳаи ҳамсоя
таҳсилро давом дода истодаанд.
Баҳри ҳалли ин масъала ва тезонидани раванди барқарорсозии
мавзеи талафдида, Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони бинои нави
мактаб дар мавзеи бехатаре, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
деҳаи «Тоҷиксой» ҷудо намудааст, ёрӣ мерасонад. Инчунин
таҷҳизоти мактабӣ аз ҷумла, миз ва курсии мактабӣ таъмин
карда мешаванд.
Ноилшо
Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ