Education


Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>ЛОИҲАҲО
>АЛОҚА
>ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
>МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
>БАРНОМАҲО
>НИЗОМНОМАҲО

 


E-mail:


>ПРЕСС-РЕЛИЗ
>Дар бораи семинари "Тадқиқоти талаботи бозори меҳнат дар сифати таҳсилоти касбӣ"
>"Ҳамкории иҷтимоӣ ва маркетинги хизматрасониҳои таълимӣ"

>12 декабри соли 2009......

>17 феврали соли 2009дар бинои Донишкадаи ҷумҳуриявии...........




 


 

Эълон
дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ

 

Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бори аввал тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» қабули довталабонро барои таҳсилоти олии касбии зинаҳои бакалавр ва мутахассис дар соли таҳсили 2009-2010 аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

T/T

Рамз
Номгӯи ихтисосҳо
Миқдори ҷойҳои
ҷудогардида
1
2203
Системаи автоматикунонии лоиҳакашӣ дар сохтмон
1
2
290404
Сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ
3
3
290301
Тадқиқот ва лоиҳакашии бинову иншоот
1
4
-
Бехатарии иттилоот
1
5
-
Геология ва инкишофи канданиҳои фоиданок
1
6
-
Маркшейдерҳо, типографҳо
1
7
-
Муҳандиси кӯҳӣ
1
8
-
Тиҷорати меҳмонхонагӣ ва туристӣ
1
9
-
Фортепиано
1
10
510507
Радиохимия ва радиоэкология
2
11
020014
Радиохимия
2
12
-
Техника ва технологияи обёрӣ
1
13
521104
Идоракунии техники дастгоҳҳо ва муҳаррикҳои ҳавопаймо
1
14
-
Нерӯгоҳҳои барқию обӣ
3
15
-
Муҳандиси техникӣ ва насбгари трубоагрегатҳои нерӯгоҳҳои барқию обӣ ва ҳароратӣ
3
16
-
Муҳандиси техникии намудҳои алтернативии энергетика
1
17
-
Идоракунии нақлиёти ҳавоӣ
1
18
-
Мутахассиси фармондеҳи соҳаи ҳолатҳои фавқуллода
1
19
-
Муҳандиси соҳаи ҳолатҳои фавқуллода
1
20
-
Тармимгари ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо
1
21
-
Коргардони кино
2
22
3304
Бехатарии сӯхтор
1
23
030501.65
Ҳуқуқшиносӣ
4
24
-
Омори демографӣ
1
25
Ҳамаги
36

 

Эзоҳ: Ихтисоси «ҳуқуқшиносӣ» барои муассисаҳои махсуси иҷрои
ҷазои ҷиноии раёсати корҳои ислохӣ пешбини шудааст.

Қоидаҳои интихоби номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи
байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»

Қабули довталабон тибқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таҳти №208 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда мешавад.

I. Муқарарроти умумӣ
1. Стипендияи «Дурахшандагон» инфиродӣ буда, ҳар сол аз ҷониби
Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёр намудани кадрҳо дар хориҷа ба шаҳрвандон, ки хоҳиши гирифтани тахсилоти олии касбии зинаҳои мутахассис, бакалавр, дараҷаҳои илмии магистр, номзади илм, доктори илм ва доктори Рh.D, инчунин таҳсил дар ординатураҳои клиникӣ ва интернатураро аз рӯи ихтисосҳои тиббӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ дар шакли рӯзонаи таҳсил доранд, дода мешавад.


2. Маблағгузории Стипендияи «Дурахшандагон» аз ҳисоби Фонди
махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» амалӣ мегардад.

II. Талабот ба номзадҳо ҷиҳати дарёфти Стипендияи
«Дурахшандагон» барои гирифтани зинаҳои тахсилоти олии
касбии мутахассис ва бакалавр


3. Барои иштирок дар озмун шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ки синнашон ба 18 расидааст, иҷозат дода мешаванд:
- дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
-таҳсилкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ба истиснои
хатмкунандагон;
- дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мустақилона дохилшудагон ё таҳсилкунандагон, ки зинаҳои тахсилоти олии мутахассис ё бакалавро бори аввал мегиранд.
4. Номзад бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- аз рӯи натиҷаҳои гузаштани тестӣ маҷмӯӣ бояд на камтар аз холҳои
ҳадди ақалро гирад;
- холи миёнаи азхудкунӣ баъди хатми муассисаҳои таълимӣ,
ки барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ
ва миёнаи касбиро татбиқ мекунанд, бояд аз 4,5 хол камтар набошад;
- барои шахсони дар сархати дуюми банди 3 Қоидаҳои мазкур
нишондодашуда ихтисоси таҳсил бояд ба ихтисоси интихобгардидаи
таҳсил дар хориҷа наздик бошад;
- донистани забони таҳсил (англисӣ, немисӣ, франсавӣ, русӣ
ва ғайра).
5. Сатҳи ҳадди акали донистани забони таҳсил дар асоси талаботе,
ки муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷӣ муқаррар намудаанд,
аз ҷониби Вазорати маорифи (минбаъд мақоми корӣ) Ҷумҳурии
Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Барои иштирок дар озмун номзад бояд ҳуҷҷатхои зеринро пешниҳод
намояд:
- ариза;
- анкетаи пуркардашуда;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти
миёнаи умумӣ ё диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи
касбӣ;
- шахсони дар сархати дуюми банди 3 Қоидаҳои мазкур
нишондодашуда маълумотномаро дар бораи ба охир нарасонидани
таҳсил маълумотномаи иловагӣ пешниҳод менамоянд;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи сертификат дар бораи тестӣ
маҷмӯиро супоридани номзад;
- нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи сертификати шаклаш мукарраршуда
оид ба супоридани имтиҳон аз забони хориҷӣ дар ҳолати мавҷуд
будан;
- нусхаи ифтихорнома, сертификат, диплом ва дигар ҳуҷҷатҳои
сифатан монанд ҳангоми мавҷуд будани онҳо;
- мактуби тавсиявӣ бо имзои роҳбари муассисаи таълимӣ;
- гувоҳномаи тиббии шакли мукаррарӣ дар бораи саломатӣ (086);
- гувоҳномаи тиббӣ оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД;
- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ ва ё нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
- 4 дона расми андозаи 3х4

Ҳуҷҷатҳо дар ошёнаи сеюми бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (ш.Душанбе, хиёбони академикҳо Рачабовҳо, бинои 10, утоқи 232, тел: 2273781) аз 25-уми июн то 13-уми июли соли 2009, аз соати 9:00 то 17:00 қабул карда мешаванд.
Ҳар як довталаб ба комиссияи қабул барои омода намудани ҳуҷҷатҳои марбут ба имтиҳон бояд 10 (даҳ) сомонӣ маблағ супорад.

Имтиҳони қабул 15 июли соли 2009, соати 8.30 дар бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шакли тестӣ ба забони русӣ дар заминаи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ доир мегардад.
Натиҷаи имтиҳон 18 июли соли 2009 дар Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ эълон карда мешавад.

Шахсони дар сархати сеюми банди 3 Қоидаҳои мазкур нишондодшуда илова ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар хусуси қабул шудан ба муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ва ҳуҷҷати дар бораи донишазхудкунии бомуваффақият, ки муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ тасдиқ намудааст, пешниҳод менамоянд.
7. Ҳангоми доир намудани озмун барои таҳсил дар хориҷа номзадҳои
зерин ҳуқуқи бартарӣ доранд: дорандагони нишони «Медали тилло», ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои илмӣ аз фанҳои таълимии мактаби миёнаи умумӣ (дорандагони дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм), озмунҳои эҷодии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ
(дорандагони дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм) дар се соли охир, ки номгӯи онҳоро аз ҷониби мақоми корӣ муайян мекунад, инчунин ғолибони олимпиада ва мусобикаҳои илмии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимии мактаби миёнаи умумӣ (дорандагони дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм) ба шарте, ки ихтисоси интихобшуда ба фанни олимпиада ё озмун, ки онҳо ғолиб шудаанд, мутобиқат намояд.


III. Тартиби гузаронидани озмун барои дарёфти
Стипендияи «Дурахшандагон»



8. Озмун аз ду давра иборат аст.
Дар даври якум он номзадҳое иштирок менамоянд, ки ҷавобгӯи талаботи боби 3 Қоидаҳои мазкур мебошанд.
9. Даври якуми озмун ҳар сол аз тарафи гурӯҳи коршиносони мустақил бо мақсади муайян намудани сатҳи забондонӣ, дониши таҳсилоти умумии (ё тайёрии касбии) номзадҳо гузаронидан мешавад. Ҳайати касбӣ ва тартиби кори гурӯҳҳои коршиносон ҳар сол аз ҷониби мақоми корӣ дар мувофиқа бо муассисаҳои тахсилоти олии касбии манфиатдор, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар муайян карда мешавад.
10. Дар даври аввал гурӯҳи коршиносон бо роҳи тестӣ ва ё сӯҳбат дараҷаи забондонии номзадро аз рӯи талаботи ҳадди ақали мутобиқ ба сатҳҳои таҳсилот, ки мақомоти корӣ дар асоси талаботи муассисахои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ барои таҳсил дар онҳо муайян намудааст, месанҷад. Натиҷаҳои тест дар шакли сертификат ё хулоса ба расмият дароварда мешавад.
Аз иштирок дар тест ва сӯҳбат барои муайян кардани сатҳи забондонӣ шахсони зерин озод карда мешаванд:
- шахсоне, ки дар сархати сеюми банди 3 ва сархати сеюми банди 8 Қоидаҳои
мазкур нишон дода шудаанд;
-шахсоне, ки нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи сертификати расмиро оид ба
донистани забонҳои хориҷӣ пешниҳод намудаанд.
Аз рӯи натиҷаи имтиҳон ва сӯҳбат бо номзадҳо гурӯҳи коршиносон ба ҳар як довталаб аз рӯи сатҳи забондонии онҳо хулосаи фардӣ медиҳад.
Гурӯҳи коршиносон ҳуҷҷатҳои шахсии номзадҳоро меомӯзад ва бо мақсади муайян намудани тайёрии онҳо аз рӯи самти таҳсили интихобнамудаашон сӯҳбати фардӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаҳои дахлдор тестҳои психологӣ мегузаронад.

Баъди анҷоми даври якум аз рӯи натиҷаҳои муайян намудани дараҷаи донистани забони хориҷӣ, сӯҳбат ва тестҳои психологӣ бо номзадҳо гурӯҳи корӣ ба мақоми корӣ дар шакли хаттӣ оид ба ҳар як номзад хулосаи шахсӣ пешниҳод менамояд.

11. Баъди анҷоми даври якум мақоми корӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро барои баррасӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои даври дуюми озмун пешниҳод менамояд.
12. Даври дуюми озмунро Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир месозад, ки баъди баррасии маводҳои номзадҳо оид ба додани Стипендияи «Дурахшандагон» мутобиқи номгӯи ихтисосҳо қарори ниҳоиро қабул менамояд.