Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

 


skachat

skachat


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

E-mail:




 

СОЛИ 2010-СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ


МАКТАБҲОИ НАВ ДАР ҶАШНИ ВАҲДАТ


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба солгарди 13- уми ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз Ванҷ оғоз ёфт. Мардуми шукргузори ноҳия Сарвари давлатро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва муҳаббату самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи навбунёди Сурхсангоби ноҳия ташриф оварда, бо рафти сохтмони хонаҳое, ки барои аҳолии аз заминларзаи моҳи январи соли равон бесарпаноҳмонда бунёд меёбанд, аз наздик шиносшуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 2 январи соли равон бар асари заминларза дар ноҳияи Ванҷ беш аз 1200 хона зарар дида буд. Ду хонаи сеҳуҷрагии омодагашта имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибонашон супурда шуд. Ин нафарони хуштолеъ – собиқадори ҷангу меҳнат бобои Ҷангӣ Бекови 87 – сола ва маъюби гурӯҳи якум Зеваршо Назокатов мебошанд
Дар маҳаллаи нав, ҳамчунин, сохтмони мактаби нав барои 240 хонанда бо суръат идома дорад ва то оғози соли нави таҳсил бояд ба кор шурӯъ намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки сохтмони ҳамаи хонаҳоро дар мӯҳлатҳои муайяншуда анҷом диҳанд, то ки мардуми бесарпаноҳмонда то фарорасии фасли сармо соҳиби манзил шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин деҳаи навбунёд Ваҳдат номида шавад, зеро ки он дар арафа ва рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ обод мешавад. Мардум ин пешниҳодро бо хушнудӣ қабул карданд. Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ҷовиди ноҳияи Ванҷ ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани мактаби нави он, ки барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, иштирок намуд. Мардуми деҳа аз ин рӯйдоди накӯ басо хушҳолу сипосгузор шуданд, зеро мактаби пешинаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва шумораи синфхонаҳояш барои ҳамаи хонандагон нокифоя буд.
Мактаб бо синфхонаҳои зебою ороста, асбобҳои хониш ва дигар техникаю таҷҳизоти таълиму тарбия, аз ҷумла компютерҳо таъмин аст.
Бо супориши Сарвари давлат то рӯзи 27 июни соли равон ба ноҳия 60 адад компютер дастрас карда шуд, то ки эҳтиёҷоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба пуррагӣ бароварда шавад.


ххх


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.
Дар ноҳия Сарвари давлат нахуст аз мактаб-интернати вилоятӣ барои ятимону бепарасторон дидан карда, бо омӯзгорону хонандагони он аз наздик сӯҳбат намуд. Онҳо ба Президенти мамлакат барои ғамхорӣ ва кӯмакҳои доимияш ба ин ва дигар мактаб-интернату ятимхонаҳо, аз ҷумла кӯмакҳои моддии дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ расондааш арзи сипос намуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки аз 74 нафар хонанда дар ин мактаб-интернат шумораи зиёдашон ятимон мебошанд. Зимни сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар наздикии ин таълимгоҳ мактаб-интернати нави ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта истодааст ва он бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ барои 650 нафар ятимону бепарасторон ва ҳамчунин, хонандагони болаёқати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст. Ин мактаби мӯҳташам бо беҳтарин шароити муосири таълиму тарбия то моҳи сентябри соли оянда, яъне то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар сӯҳбат бо роҳбарият ва омӯзгорону парасторони ин мактаб-интернати мавҷуда
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба кӯдакони ятиму бепарастор чун бо фарзандони худ муносибат кунанд, то ки онҳо дар фазои меҳру муҳаббат таълиму тарбия гирифта, кадрҳои хубу ватандӯсти оянда шаванд.
Дар деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин мактаб, ки бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, бо шароити хуби таълимӣ барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Зимни боздид аз мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмонӣ дар ин ва дигар иншооти нав, ки дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рӯшон тайи ду рӯз мавриди истифода қарор гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таҷрибаи бинокорони ин ноҳияҳоро намунаи ибрати дигарон арзёбӣ кард. Дар ин ҷо, ҳамчунин, зикр гардид, ки дар ноҳияи Рӯшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ боз 3 мактаби нави дигар сохта, ба истифода дода шуд.
Зимни сӯҳбат бо хонандагон иттилоъ дода шуд, ки хатмкунандаи мактаби кӯҳнаи деҳа Хушрӯз Маҷидов дар озмуни ҷумҳуриявии «Дурахшандагон» аз рӯйи ҳунари меъморӣ ҷойи якумро ишғол намуда, аллакай ба Донишгоҳи техникии сохтмон ва меъмории шаҳри Алмаатои ҷумҳурии Қазоқистон шомил гаштааст.
Дар маркази ноҳияи Рӯшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо намояндагони сершумори он мулоқот намуда, сӯҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

ххх


Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Поршнев ба бунёди маркази нави маъмурии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Бунёди иншооти сершумори маркази нави маъмурӣ бо сохтмони бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, оғоз меёбад.
Зимни сӯҳбат бо мардуми сершумори ба ин муносибат ҷамъомада Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки маркази маъмурии ноҳия ба хотири он, ки бунёдаш дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ оғоз меёбад, Ваҳдат номгузорӣ шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби мардум хуш пазируфташуд.
Дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои дуошёнаи нав дар мактаби миёнаи рақами 20 ба истифода супурда шуд. Зимни дидан аз мактаб, зикр гардид, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ҳамчунин ду бинои мавҷудаи мактаб аз таъмири асосӣ бароварда ва муҷаҳҳаз карда шуд. Бо 240 ҷой дар бинои нав кунун дар ин мактаб барои 624 нафар хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия боз 5 мактаби дигар низ сохта, ба истифода дода шуд.

ххх


Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омад.
Боздиди Сарвари давлат аз деҳаи Вранги дуртарин ҷамоти ноҳия, ки дар дараи овозадори Вахон ҷойгир аст, оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби нави замонавиро, ки бо 10 синфхона барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод.
Зимни дидани мактаб зикр гардид, ки дар назди ин мактаб то соли оянда боз як бинои дигар бо 8 синфхона бунёд меёбад ва дар он маҷмуан барои 320 хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё мегардад.
Ҳангоми сӯҳбат бо мактаббачагони ин деҳа аён гашт, ки сатҳи донишомӯзиашон хубу ибратбахш аст. Хонандаи синфи 9 Фидои Юсуфбек, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони ҷавон аст, дар сӯҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки худаш лоиҳаи як осёби обиро таҳия намудааст ва мехоҳад онро дар деҳаи Вранг бунёд карда, ба мардум хизмат расонад. Сарвари давлат дар посух бо хушнудӣ изҳор дошт, ки маблағи бунёди ин осёбро аз Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад. Ба роҳбарият ва омӯзгорони мактаб дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи хуби ин навраси боистеъдод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд, то ки оянда бо квотаи Президентӣ ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон қабул шавад.
Дар ҳамин деҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ишкошим мулоқот намуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.
Тадбирҳои зиёде, ки имрӯз аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия татбиқ мегарданд ва барои оянда ба нақша гирифта шудаанд, боиси хушҳолӣ, сарфарозӣ ва сипосу қадрдонии мардуми Ишкошим гардид.
Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи порсолаи мактаби деҳаи Путупи ноҳия Софияи Давлатбек, ки табъи шоирӣ ва дониши баланд дорад, аз ҳисоби квотаи Президентӣ ба яке аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе қабул шуда, бо хобгоҳ ва дигар шароити зарурӣ тамин мегардад. Чунонки маълум шуд, ӯ соли гузашта ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шудааст, вале бо сабаби тангдастии оилаашон, таҳсилро давом дода натавонистааст.
Мардуми деҳа бо самимияту муҳаббати беандоза андешаҳои сипосу қадршиносии худро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназираш баён намуданд.