Дар семоҳаи аввали
соли 2010 аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
масъалаҳои умдатарини соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта,
ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим, амалӣ гардидани
Консепсияи миллии тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯхтани
забонҳои хориҷӣ, аз бар кардани илмҳои муосир, сифати тайёр
кардани кадрҳои баландихтисос, ташаккули тафаккури техникӣ
ва ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид шудани муассисаҳои таълимӣ
тадбирҳои амалӣ андешида шуд. Вазорати маориф айни замон
тамоми нерӯи худро баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Доир ба амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба эълон шудани соли 2010 – Соли маориф ва
фарҳанги техникӣ» равона намуда, кӯшиш намуда истодааст,
ки Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба ин сол таҳиягардидаро бомувафаққият
иҷро намояд.
Лоиҳаи Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти умумӣ
ва Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии
ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҳия аз
ҷониби гурӯҳи корӣ омода гардида, баъд аз мувофиқа бо Вазорату
идораҳои дахлдор ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ирсол гардид.
Бо кӯмак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ
бо ташкилотҳои байналмилалӣ имсол як қатор муассисаҳои томактабӣ
бо номи марказҳои инкишофи кӯдакон ба истифода дода шуданд.
Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат як гурӯҳ бо фарогирии 12 нафар
кӯдак, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 Маркази
инкишофи кӯдакон бо фарогирии 236 нафар кӯдак, аз ҷумла
дар шаҳри Хоруғ 1 Марказ бо фарогирии 23 нафар кӯдак, дар
ноҳияи Шуғнон 3 Марказ бо фарогирии 113 нафар кӯдак, дар
ноҳияи Роштқаъла 1 Марказ бо фарогирии 20 нафар кӯдак дар
ноҳияи Ишкошим 1 Марказ бо фарогирии 20 нафар кӯдак, дар
ноҳияи Рӯшон 3 Марказ бо фарогирии 60 нафар кӯдак, дар ноҳияи
Рашт бошад 4 марказ бо фарогирии 144 нафар кӯдак ба фаъолият
оғоз намудаанд.
Даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо нишон дод, ки таваҷҷуҳи хонандагон барои иштирок
дар озмунҳо ва омӯзиш ба фанҳои дақиқ, махсусан фанҳои физикаву
математика афзудааст. Ҳамчунин мароқ зоҳир намудани хонандагон
ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва сабқати онҳо дар олимпиадаҳои
байналмилалӣ ва бо забонҳои англисиву русӣ ба ояндаи дурахшони
соҳа умедвор менамояд. 28 нафар мактаббачагони болаёқат
аз литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназияи
ҳотам ва ПВ, литсей-интернати Президентӣ, мактабҳои шаҳри
Душанбе аз 12 то 19 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок
намуданд. Аз онҳо 1 нафар медали тилло аз фанни технологияи
информатсионӣ, 1 нафар медали нуқра аз фанни математика
ва 4 нафар дигар медали биринҷиро сазовор шуданд.
Дар ин давра, ҳамчунин беш аз 5995 нафар хонандагони синфҳои
5-9 дар даври аввали Олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ иштирок
намуданд, ки зиёда аз 500 нафари онҳо ба даври финалӣ баромада,
беш аз 60 то 100- холиро соҳиб шуданд.
Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии
Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 зери назорати доимии Вазорати
маориф қарор дошта, барои амалӣ гардидани он чораҳои зарурӣ
тарҳрезӣ гардидаанд. Дар айни замон дар мактабҳои таҳсилоти
умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 28208 компютер, 4111
принтер, 1519 генератори дизелӣ мавриди истифода қарор доранд.
Иҷрои барномаи давлатии компютеркунонӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ
83,3% -ро дар бар мегирад.
Омӯзиши фанни «Асосҳои технологияи компютерӣ» бо хубтар
таъмин гардидани мактабҳо бо компютер, кадрҳо ва китобҳои
дарсӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Дар айни замон таъмини хонандагон
бо китобҳои дарсии «Асосҳои технологияи информатсионӣ» ҳалли
пурраи худро ёфтааст. Китобҳои дарсии синфҳои 7, 8, 9, 10
ва 11 бо теъдоди зиёда аз 300000 нусха чоп гардида, дастраси
мактабҳо таҳсилоти умумӣ гардонида шуд.
Дар асоси маълумоти раёсатҳо ва шӯъбаҳои маорифи вилоят
ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти
умумӣ ҳамагӣ 12 нафар омӯзгорон намерасанд (Дарвоз-4, Ванҷ-3,
Балҷувон-2, Кӯҳистони Мастчоҳ-3). Вале натиҷаҳои санҷиш
дар минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон собит намуд, ки
маълумотҳои пешниҳоднамудаи Раёсати маорифи Хатлон оид ба
теъдоди нарасидани кадрҳо нодуруст буда, яъне омӯзгорони
ғайриихтисосро ба кор ҷалб намудаанд. Ин норасоӣ қариб дар
ҳамаи ноҳияҳои санҷидашуда, бахусус ноҳияи Вахш хело зиёд
аст.
Дар семоҳаи сипаригардида фаъолияти як қатор муассисаҳои
таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ санҷида шуданд. Дар маҷмӯъ,
сифати таълим, пояи моддию техникӣ ва кадрии ин муассисаҳо
паст буда, ба Стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нестанд.
Ҳамчунин, санҷишҳо нишон доданд, ки яке аз сабабҳои паст
будани дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён дар муассисаҳои
таҳсилоти олии касбӣ фаъолияти сусти кафедраҳои ихтисосӣ,
таъминот бо китобҳои дарсӣ, ба талабот ба пуррагӣ ҷавобгӯ
набудани лаборатория ва кабинетҳои таълимӣ бо химреактивҳо
ва таҷҳизотҳои замонавӣ, суст ба роҳ монда шудани маҳфилҳои
илмии донишҷӯён мебошанд. Тасдиқи ин нуктаро, инчунин, баррасии
масъалаҳои “Ҳолати таъмини донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти
олии касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ аз фанҳои
тахассусӣ ва ғайритахассусӣ” ва «Сифати гузаронидани машғулиятҳои
лабораторӣ аз фанҳои техникӣ ва дақиқ (риёзӣ, химия, физика
ва биология) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» дар мушовараҳои
моҳи феврал ва март собит менамояд. Вабаста ба ҳамин ҷиҳати
бартарафсозии камбудиҳо ба масъулини муассисаҳои олии касбӣ
дастуру супоришҳо дода шуд.
Бо мақсади таъсиси филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи
Россия ва Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси
филиали Донишкадаи энергетикии Москва, филиали Донишкадаи
пӯлод ва хӯлаи Москва, филиали Донишкадаи кӯҳии Санкт-Петербург
ба номи Г.В.Плеханов ва филиали Донишгоҳи миллии техникӣ
«Донишкадаи политехники Харков» як қатор тадбирҳоро амалӣ
андешида шуд. Дар ин муддат лоиҳаи Созишнома миёни Вазорати
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи
Москва оид ба таъсис ва фаъолияти филиали ин донишкада дар
ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои мувофиқа ба ҷониби
Федератсияи Россия ирсол карда шуд.
Дар асоси Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ
дар соҳаи маориф имсол барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Халқии Хитой 49 бурсияи
таҳсилӣ ҷудо гардид. Даври аввали озмун 5 марти соли 2010
дар Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
баргузор гардид, ки дар он 90 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии
Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар семоҳаи аввали соли равон тибқи нақша сохтмони мактаб
барои 100 ҷойи нишаст дар деҳаи Дашти Килкои ноҳияи Балҷувон
ба, сохтмони мактаб барои 320 ҷойи нишаст дар ҷамоати Бохтариёни
ноҳияи Бохтар (навбати аввал барои 240 ҷойи нишаст) ва сохтмони
мактаб барои 240 ҷойи нишаст дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи
Хуросон ба истифода дода шуд.
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати
рушди соҳаи маориф маблағҳои инвеститсионӣ бо арзиши 82,5
млн. доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодааст. Аз соли 2004
то 1 апрели соли 2010 аз ҳисоби ин лоиҳаҳо 43 млн. 422 ҳазор
доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 53 фоизи ҳаҷми
умумии маблағҳоро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳаи маориф
4 Лоиҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби 2 Маркази идораи Лоиҳа,
Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ
гашта истодааст.
Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми семоҳаи
аввали соли 2010 -7 номгӯйи китобҳои дарсӣ бо теъдоди 234072
нусха ба маблағи 1092772,64 сомонӣ ворид гардидааст. Дар
ин давра ба шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 430820
нусха ба маблағи 1746837,3 сомонӣ китобҳои дарсӣ, 96319
нусха барнома, дастур ва маводҳои таълим ба маблағи 11082,93
сомонӣ дастрас гардонида шуд. Инчунин 10802 нусха китобҳои
дарсӣ, дастур ва маводи таълимӣ ба маблағи 47140,42 сомонӣ
ба таври ройгон ба шӯъбаҳои маориф ва дигар муассисаҳо дастрас
гардонида шуд.
Ноилшо
Нуралиев
Котиби матбуоти ВМҶТ
Тел: 227-37-06, 918675513
Email: Noilsho@mail.ru