Education

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

>АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ
>СОХТОР
>РОҲБАРИЯТ

>ФАЪОЛИЯТ

>ҲУҶҶАТҲО
  >ЛОИҲАҲО
  >АЛОҚА
  >ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
  >МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
  >БАРНОМАҲО
  >НИЗОМНОМАҲО

Konsepsiya


Problemahoi sifati kitobhoi darsi


skachat

skachat


Buklet

Buklet

Buklet


naqshai qabuli donishjuyon

Naqshai qabuli aspiranton

>>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»-РО БАРОИ МУҲОКИМА ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯД. АЗ ШУМО ХОҲИШ МЕНАМОЕМ, БА ОН ПЕШНИҲОДУ АНДЕШАҲОИ ХЕШРО ТАВААСУТИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ: mort@maorif.tj НАМОЕД.

>>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА СОЛИ 2010 – СОЛИ МАОРИФ ВА ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ ОЗМУНИ НАШРИЯИ БЕҲТАРИНРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ МИСРИ АРАБ

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ УКРАИНА

Eylon Moskva

>>Э Ъ Л О Н Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки соли таҳсили 2009-2010 нархи як адад ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилот ба маблағи зерин муқаррар карда шудааст:

>>ДАР БОРАИ ҚАБУЛИ ДОНИШҶӮЁН БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАИ «БАКАЛАВР»-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТУРКИЯ

>> Дар бораи қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ

 

 

 


E-mail:




 

ЭЪЛОН: >>ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ НАВИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»-РО БАРОИ МУҲОКИМА ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯД. АЗ ШУМО ХОҲИШ МЕНАМОЕМ, БА ОН ПЕШНИҲОДУ АНДЕШАҲОИ ХЕШРО ТАВААСУТИ ПОЧТАИ ЭЛЕКТРОНИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ: mort@maorif.tj НАМОЕД.


НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ

Дар оғози нишасти матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, ки асосан ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон бахшида шуда буд, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба таври фишурда аз баъзе дастовардҳои вазорат дар давраи мазкур ёдовар шуд. Мавсуф, аз ҷумла, таъкид кард, ки дар марҳилаи кунунии ҷомеаи башарӣ гузаштан ба низоми нави таҳсилот амри ногузир буда, дар ин замина Вазорати маориф «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли равон тасдиқ кард. Ҳамчунин, бо ҳадафи тавсеа бахшидан ба масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд ва иртиботи бештари онҳо бо таълимгоҳҳо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» омода гардид, ки айни замон мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Имсол озмунҳои фаннии мактабиён дар сатҳи баланд баргузор гаштанд ва дар онҳо нисбат ба солҳои пешин теъдоди хеле бештари довталабон -943 хонанда иштирок намуданд. Озмун собит кард, ки сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳои кишвар зина ба зина боло меравад.
Хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ низ пирӯзмандона ширкат доранд. Гурӯҳе аз шогирдони мо дар озмунҳои ҷаҳонӣ дар мамолики Қазоқистон, Туркия, Озарбойҷон, Русия, Молдавия, Руминия ва чанд мамлакати Амрикои Лотинӣ иштирок намуда, 47 медали тилло, 48 медали нуқра ва 91 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Санҷишҳо бозгӯи онанд, ки солҳои охир сатҳи таълиму тарбия ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам дар мактабҳои олӣ ба андозае боло рафтааст.
Вазири маориф афзуд, ки вобаста ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар мамлакат Вазорати маориф силсилаи чорабиниҳои гуногуну пурмӯҳтаворо амалӣ менамояд. Аз ин лиҳоз озмуни «Ихтироъкорони навраси Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гашт, шоистаи тазаккур аст. Барномаи бо компютерҳо таъмин намудани мактабҳо ба ҳадди ниҳоии худ мерасад. Шогирдони мактабҳои Тоҷикистон дар заминаи созишномаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ метавонанд дар як қатор кишварҳои ҷаҳон идомаи таҳсил кунанд.
Зимни суханронии худ А.Раҳмонов ёдовар аз он шуд, ки ҳоло дар тамоми мактабҳои олии кишвар қабули ҳуҷҷатҳои довталабон идома дорад. Вобаста ба ин, вазир аз он изҳори таассуф кард, ки дар баъзе аз таълимгоҳҳо нисбат ба навиштани шаҳодатномаи хатми мактаб саҳлангорӣ мекунанд ва ин ҳуҷҷати муҳимро нодуруст ва пурғалат хонапурӣ менамоянд, ки ин ҳолат боиси хароҷоти илова ва саргардонии хонандагону волидон мегардад.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ вазири маориф А.Раҳмонов ба суолҳои зиёди рӯзноманигорон бо истифодаи далелу арқоми фаворон посухҳои мушаххас гуфт ва дар охир ба ҳамаи онҳое, ки бо аҳли маориф ва идораҳои дахлдори он ҳамкории беғаразонаю созанда доранд (аз кормандони воситаҳои ахбори умум то соҳибкорону мансабдорон), арзи сипосу эҳтиром кард.

А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»