Education


Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

АЗ ТАЪРИХИ МАОРИФ

ЛОИҲАҲО
АЛОҚА
ТАТБИҚИ ТИК ДАР СОҲАИ МАОРИФ
МАРКАЗИ ТАҲИЯ ВА НАШРИ КИТОБҲО
БАРНОМАҲО

 


 


 


 

 

 

 

 

БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ БО
ИСТИФОДАБАРИИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ
ИТТИЛООТИ ВА ИРТИБОТӢ

 

РАҲМОНОВ А.А. Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудааст, ки ба баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи васеи технологияи муосир бояд аҳамияти калон дода шавад ва тарбияи мутахассисон, дониши онҳо бояд ҷавобгўйи талаботи замона бошад. Инчунин мазмун ва мундариҷаи таълим бояд ба шароити замони ҳозира дар ҳамаи муассисаҳои соҳа мутобиқ бошад.
Мутаассифона, мо аз раванди фазои ҷаҳонии таҳсилот, ки ба истифодаи технолоғияи муосири коммуникатсион вобастаги дорад, қафо мондаем. ғайр аз омўзгорони ихтисоси ва баъзе аз фанҳои дақиқ, дигар омўзгорон аз технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ ва усулҳои нави таълим кам истифода мебаранд. Бояд якчанд курсҳои иловагӣ барои омўзиши технологияи навтарин ташкил гардад. Ҳар як омўзгор бояд курси махсуси омўзиши технологияҳои навтаринро гузарад ва аз он имтиҳон супорад, пас аз он вай ҳуқуқи дар донишгоҳ дарс доданро дорад. Дар вақти омўзиши фанҳо бояд омўзгор аз тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, ноутбукҳо ва системаҳои автоматии омўзиши ба таври васеъ истифода бурда тавонад. Аз ин лиҳоз зарур аст, ки тамоми омўзгорони фанни ба омўзиши технологияи муосир фаро гирифта шаванд.
Дар ин самт имрўз пояҳои моддӣ-техникӣ дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар басанда аст, аммо истифодабарии онҳоро дуруст ба роҳ мондан лозим аст. Танҳо тавассути ҷалби мутахассисон ва ҷавонони лаёқатманд метавонем масъалаи мазкурро ҳаллу фасл намоем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки татбиқи низомии кредитии таълимиро дар таъмини истифодаи мақсадноки технологияи муосири компютерӣ тавассути тестҳо амалӣ гардонидан зарур аст. Истифодаи шабакаи байналмилалии Интернет низ дар болоравии сифати таълим аз манфиат холи нест. Фазои иттилоотӣ ба он мусоидат мекунад, ки миёни донишҷўёни мактабҳои олӣ мукотиба баргузор гардида, табодули таҷриба ба вуҷуд ояд. Аммо бехатарии иттилоотиро дар баъзе аз масъалаҳои муҳим бояд фаромўш накунем. Бехатарии иттилоот дар системаи автоматии идоранамоии маориф бояд ба роҳ монда шавад, чунки аҳамияти он ба нигоҳ доштани иттилоот хеле калон аст.
Имрўз мо омода ҳастем, ки ба пешниҳоди мушаххасу асосноки мутахассисони соҳа оид ба стратегияи рушд ва истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ барои муассисаҳои таълими барнома таҳия намоем.
Барои баланд бардоштани сифати таълим бояд якчанд масъалаҳоро ҳал намуд:
• дигаргун сохтани системаи идоракунии соҳаи таълим бо воситаи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ;
• пешниҳод намудани системаи идоранамоии автоматӣ бо воситаи татбиқи зерсистемаҳои функсионалӣ дар донишгоҳҳо;
• муккамалгардонии системаи музди меҳнат бо воситаи истифодабарии системаи рейтинги;
• муккамалгардонии ҳуҷҷатгузорӣ ва дигаргун сохтани роҳҳои гузариши ахборот бо воситаи технологияи навтарин;
• автоматикунонии иҷроиши ҳуҷҷатгузорӣ бо воситаи технологияи навтарин;
• истифодабарии моделҳои имитатсионӣ дар асоси параметрҳои идорашаванда барои пешбини кардани ситемаи маориф дар ҳолатҳои гуногун.

Дар ҷаҳон ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд ва ҳаракат мекунанд, ки фазои ягонагии таълимро ташкил намоянд. Агар сифати таълими аҳолӣ баланд бошад, танҳо дар ин ҳолат мо метавонем ба баланд бардоштани иқтисодиёти Тоҷикистон, кафолати устувории иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва бехатарии давлат ноил гардем.

 

 

БАРНОМАИ КОМПЮТЕРКУНОНИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2008-2010

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
аз 5 марти соли 2008 № 77
Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии
муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2008-2010


Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техникаи компютерӣ ва омузиши амиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур барои солҳои 2008-2010 дар дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва Буҷети давлатӣ маблағӣ заруриро пешбини намоянд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсиони маблағгузории Барномаи мазкурро аз ҳисоби ташкилотҳо ва институтҳои молиявии хориҷӣ ба инобат гиранд.
4. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» масъалаи бо хаттӣ озодӣ барқ ва генераторҳои дизелӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро давра ба давра то соли 2010 ҳал намуда, баҳри иҷрои Барномаи мазкур корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ , ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро ҷалб намоянд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5

марти соли 2008 №77 тасдиқ шудааст


1.Мазмуни Барнома

Номи Барнома Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010

Зарурати таҳияи Барнома Барномаи мазкур дар асоси супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси машварати бо кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2005, аз 14 феврали соли 2007 №16.1/4-1, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, №502 «Дар бораи тасдики Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007» таҳия шудааст.
Мақсади Барнома
Тибқи масъалаҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ намудани омузиши технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат ва ҷомеа.
Вазифаҳои
Барнома Таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
-тавассути ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ таъмин намудани пешрафти кишвар вобаста ба рушди соҳаи маориф ;
-ба фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва хонандагон диққати ҷиддӣ дода, ба воситаи технологияи компютерии ҳозиразамон паҳн намудани таҷрибаи пешкадами педагогӣ дар ҷараёни таълим;
-татбиқи технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ бо мақсади рушди соҳаи маориф, фарҳанги миллӣ ва иқтисодиёту истеҳсолот.

Манбаъҳои молиявии
Барнома Маблағгузории Барнома асосан аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, қарзҳо, фондҳои байналмилалии ёрирасон, хайрия, шахсони алоҳида ва сарпарастон амалӣ гардонда мешавад.
Хаҷми маблағҳои молиявии Барнома барои солҳои 2008-2010 ҳамасола дар вақти банақшагирии буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ мувофиқ ба солҳо муайян карда мешавад.

Натиҷаи ниҳоии Барнома Дар натиҷаи татбиқи амалии Барнома:
-муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд;
-хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосир шинос шуда, усулҳои истифодабарии технологияи компютериро аз худ мекунанд;
-сифати таълими хонандагон аз ҳисоби тадриси технологияи компютерӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат баланд мегардад;
-фаъолияти таълимӣ ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инкишоф меёбад;
-барои инкишофи минбаъдаи раванди компютеркунонии соҳаи маориф шароити мусоид фароҳам оварда мешавад;
-муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи маориф фароҳам оварда мешавад;
-барои гирифтани таҳсилоти босифат дар муассисаҳои таълими шароити мусоид ба вуҷуд оварда мешавад;
-омузиш ва истифодаи технологияи компютерӣ ва иттилоотиву коммуникатсиони боиси инкишофи тафаккури техникӣ ва эҷодии хонандагони муассисаҳои таълими мегардад;
-низоми мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилоти умумӣ таъмин карда мешавад.
Муҳлати амали шудани Барнома Барнома дар солҳои 2008-2010 татбиқ карда мешавад.

2.Муқаддима

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 (минбаъд Барнома) самтҳои афзалиятноки вазифа ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи компютеркунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян намуда, барои баланд бардоштани сифати таълим шароит фароҳам меоварад.
Татбиқи барномаи мазкур дар муассисаҳои таълими низоми идоракуни ва кадриро ба танзим дароварда, мазмуну моҳияти таҳсилотро гани мегардонад, барои дар сатҳи зарури тайёр намудани шахсиятҳои ҳамаҷониба инкишофёфта, ки ба рақобати бозори меҳнат тобовар бошанд, шароити муносиб фароҳам меоварад.

3. Таҳлили вазъи компютеркунонии муассисаҳои
таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 № 502 қабул шудааст, ба охир расид. Барномаи мазкур барои 2853 мактаби таҳсилоти умумӣ пешбини шуда, таълими фанни технологияи компютерӣ аз синфи 8 муқаррар гардида буд.
Дар давоми солҳои 2003-2007 шумораи мактабҳои умумии асоси ва миёнаи умумӣ 230 адад зиёд гардида, омузиши фанни технологияи компютерӣ аз синфи 7 ҷорӣ карда шуд, ки ин сабаби иҷро нашудани Барномаи мазкур гардид. Новобаста аз ин, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 21105 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки он 68,3 фоизи иҷрои Барномаро таъмин менамояд.
Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 177 синфи компютерӣ бо 1343 адад (57,72 %) компютер ташкил карда шудааст, ки ба ҳар як компютер 16 нафар хонанда рост меояд.
1068 мактабҳои умумии асоси ва миёнаи умумии вилояти Хатлон дорои 921 синфи компютерӣ буда, бо 7585 адад (71,1%) компютер муҷаххаз мебошанд, ки ба ҳар як компютер 30 хонанда рост меояд.
Муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон боз ба 4122 адад компютер эҳтиёҷ доранд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд 870 синфи компютерӣ бо теъдоди 7169 (83,04%) адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар як компютер 27 нафар хонанда рост меояд.
Муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 133 синфи компютерӣ буда, бо 1500 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба ҳар компютер 38 нафар хонанда рост меояд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 510 синфи компютерӣ бо теъдоди 3561 адад компютер амал мекунад, ки ба ҳар як адад компютер 39 нафар хонанда рост меояд.
Ин нишондиҳандаҳо талаботи таълими фанни технологияи иттилоотиро дар муассисаҳои таълимии вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури таъмин карда наметавонад.
Нокифоя будани теъдоди компютерҳо ва синфҳои компютерӣ дар баъзе аз мактабҳо боиси вайрон гардидани низоми таълими дарсҳои технологияи компютерӣ гардида, хонандагон дар вақти корҳои амали ба гуруҳҳо тақсим карда намешаванд.
Иҷрои Барномаи мазкур дар самтҳои ҳисоби иқтисодии хароҷот, аз ҷумла:
- тибқи талаботи Барнома ташкил кардани синфҳои компютерӣ (таъмини барқ, таъмини синфи компютерӣ бо мизу курсии мувофиқ ба синфҳои компютерӣ, бо асбобҳои муътадил нигоҳдорандаи ҳарорати ҳавои синфҳо ва ғайра);
- таъсис додани марказҳои таълими (таъмин бо компютер, маоши кормандон, воҳидҳои кори онҳо);
- талабот нисбати таъсис додани гуруҳҳои хизматрасонӣ дар назди раёсату шуъбаҳои маориф аз ҳисоби ба 10 синф як хизматрасон ва маблағгузории онҳо риоя нашудааст.
Дар ҷараёни компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ аз руи шумораи мактабҳо тибқи талаботи Барнома норасоиҳои зиёде мавҷуд аст. Дар баробари ин бандҳои алоҳидаи Барнома иҷро нагардид:
- ташкил намудани 8 маркази таълими;
- хизматрасонии техникии синфҳои компютерӣ;
- ба талаботи техникӣ мувофиқ гардонидани синфҳои компютерӣ;
- маблағгузории воҳидҳои кори марказҳо;
- маблағгузории ташкили синфҳои компютерӣ.
Қисми зиёди мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Кӯлоб, Курғонтеппа, Чкалов,Қайроққум ва шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба 2-3 синфи компютерӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо набудани марказҳои махсуси таълими ва мутахассисон боиси он гардидааст, ки мактабҳои алоҳидаи таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ гарчанде бо компютер таъмин бошанд ҳам, омузиши фанни мазкур ба роҳ монда нашудааст.
Тибқи талаботи банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2002 №502 «Дар бораи тасдиқи Барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асоси ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007», оид ба масъалаи мазкур раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бояд ба мақсади амали намудани вазифаҳои дар Барнома пешбинишуда бо ҷалби захираҳои моддию техникӣ ва молиявӣ дар навбати аввал барои таъсиси марказҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ доир ба тайёр кардани муаллимони асосҳои технологияи иттилоотӣ, иҷрои корҳо вобаста ба ташкили иншоотҳои зерсохторӣ ва барои харидани техникаи компютерӣ чораҳои зарурӣ меандешиданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии аксарияти шаҳру ноҳияҳо талаботи дигари Барнома оид ба ташкили синфҳои компютерӣ, бо барқ таъмин намудани онҳо, харидории сузишворӣ барои истифодаи генераторҳои дизели, ҷиҳозонидани синфҳои компютерӣ, тасдиқ кардани воҳидҳои кории марказҳои компютерӣ, шуъбаҳои хизматрасонӣ ва ғайраро тамоман ба инобат нагирифтанд.
Бо сабаби дар шаҳру ноҳияҳо таъсис надодани гуруҳҳои хизматрасонии компютерӣ, таъмин накардан бо барқ, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ, андешида нашудани корҳо барои таъмир ва барқарор кардани компютерҳо, то имруз дар ҷумҳури зиёда аз 1300 адад компютер ба таъмир эҳтиёҷ дорад
Ҳамзамон талабот ба кушодани синфҳои компютерии иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ амри воқеӣ гаштааст.
Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, донишкадаҳои такмили ихтисоси вилояти Хатлон, Донишкадаи такмили маълумоти касбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд, Маркази пешбурди таълими Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, кабинетҳои компютерӣ ташкил шуда бошанд ҳам, бо таҷҳизотҳои компютерии ҳозиразамон таъмин карда нашудаанд.
Ҳамин тариқ, ташкил кардани синфҳои компютерӣ ва таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вобаста ба талаботи пешрафти илмию техникии замони муосир мушкилоти ҳаётан муҳим ва тақозои замон мебошад.
Марҳилаи дуюми Барнома ва иҷрои он ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо навигариҳои илму техника ва технологияи муосир аз наздик шинос шуда, барои омузиши ихтисоси технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ замина гузоранд.
Омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ компютерро ҳамчун воситаи таълимӣ дар ҷараёни таълим мавриди истифода қарор дода, ба воситаи он таълими фанро ба хонандагон дар сатҳи баланд дастрас карда метавонанд.

>4. Мақсад ва вазифаҳои Барнома



Тибқи масъалаҳои афзалиятноки нақшаи стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҷорӣ намудани омузиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина вусъат бахшидан ба сифати тайёр намудани шахсони ҳамаҷониба инкишофёфта барои қонеъ гардонидани талаботи онҳо, давлат ва ҷомеа:
- таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ;
- гузаронидани корҳои илми-тадқиқотӣ ва таълимию методӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ дар раванди таълиму тарбия;
- тайёр намудан ва бозомузонии кадрҳо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ;
- ба шабакаи Интернет пайваст намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ;
- ташкил намудани системаи ягонаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти умумӣ;
- таъмин намудани манфиатҳои шахсият, давлат ва ҷамъият дар раванди ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълими.

5. Самтҳои асоси ва механизми татбиқи амалии Барнома

Барои татбиқи вазифаҳои Барнома зарур аст:
- ба ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омузонидани усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ;
- ташкил намудани фазои ягонаи иттилоотию-таҳсилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани назорат ва батанзимдарории омузиши технологияи нави компютерӣ;
- тағйир додани мазмуни таҳсилот вобаста ба компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- мукаммал сохтани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таъмини онҳо бо маводи таълимию методӣ ва технологияи компютерӣ;
- тайёр намудани омӯзгорони технологияи компютерӣ ва иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар марказҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ, вилояти ва шаҳрӣ ба роҳ мондани курсҳои такмили ихтисос ва бозомузии омӯзғорони фанни технолоғияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- таъминоти таълими ва методии Барнома бо роҳи ғузаронидани корҳои илми-тадқиқотӣ, таълимию методӣ,
- татбиқи Барнома дар давраи солҳои 2008-2010 пешбини шудааст ва он тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар бар меғирад.

6. Манбаъҳои маблағгузории Барнома

Манбаъҳои асосии маблағгузории Барнома маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, грантҳо ва кредитҳои, фондҳои байналмилалии ёрирасон, шахсони ҳуқуқӣ ва фондҳои хайрия мебошанд.
Ҳаҷми маблағҳои маблағгузории Барнома барои солҳои 2008-2010 ҳамасола ҳангоми таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.
Маблағгузории Барнома ба зиммаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузошта мешавад.

7. Натиҷаи ниҳои аз амалигардонии Барнома

Барнома марҳила ба марҳила амалӣ гардонида мешавад.
Дар натиҷаи татбиқи амалии Барнома:
- низоми ягонаи идоракунии иттилоотӣ дар Вазорати маориф ташкил карда мешавад;
- омилҳои зарурии ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватани барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси техникӣ ва технологӣ таъмин мегардад;
- муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд;
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияи муосир шинос шуда, истифодабарии онро аз худ мекунанд;
- фаъолияти таълими ва инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инкишоф меёбад;
- барои инкишофи минбаъдаи раванди компютеркунонии соҳаи маориф шароити муътадил фароҳам оварда мешавад;
- муҳити ягонаи иттилоотии таҳсилот дар соҳаи маориф ба амал бароварда мешавад;
- омузиш ва истифодаи технологияи компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ боиси инкишофи тафаккури техникӣ ва табиатшиносии хонандагони муассисаҳо мегардад;
- низоми мониторинг ва дурнамои инкишофи соҳаи таҳсилот таъмин карда мешавад;
Иҷрои марҳилаи дуюми компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар давоми се сол имкониятҳои зеринро ба амал меорад:
- системаи ҳозиразамони технологияи информатсиони дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои технологияи иттилоотии назди Вазорати маориф, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷорӣ карда мешавад.
- истифодаи компютерҳо дар таълими фанҳо (кабинетҳои таълимӣ) ва ба воситаи он баланд бардоштани сифати таълим ба роҳ монда мешавад;
- компютерҳои корношоями муассисаҳои таълими сари вақт таъмир карда мешаванд;
- системаи ягонаи коммуникатсионӣ (пайваст ба интернет), байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Раёсату шуъбаҳои маориф ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешавад;
- шабакаи компютерии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;
- сабти электронии китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, филмҳои таълимӣ дар дискҳо таъмин карда мешавад;
- тайёр кардани мутахассисони соҳа дар кишварҳои хориҷи дуру наздик тақозои замон мегардад;
- дар марказҳои таъсисшуда, курсҳои доимоамалкунанда барои омӯзгорони фанҳои мухталиф ташкил карда мешавад;
- иштироки хонандағон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ таъмин меғардад;
- миқдори компютерҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таносуби 1 компютер ба 20 нафар хонанда расонида мешавад;
- марказҳои иттилоотии захираҳои таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад;
- низоми муайяни дастгирии методии омузғорон, бозомузию такмили ихтисоси кадрҳои омузғорӣ, маъмури, муҳандисӣ ва техникӣ дар соҳаи технологияи муосири иттилоотию компютерӣ ташкил карда мешавад.